Биё, фарёди ҷону дил зи байни обу гил бишнав,
Биё, фарёди ҷону дил зи байни обу гил бишнав,
Бурун аз обу гил ҳарфе, биё, эй ҷону дил, бишнав.
Агар оинаӣ, чашмобачашмат лол хоҳам монд,
Шабеҳи шона ову мӯ ба мӯ ҳарфи чигил бишнав.
Нигоҳам пеши ту чун тифл мантиқро намедонад,
Биё, узри нигоҳамро зи чашмони хиҷил бишнав.
Агар бо теғи мижгон омадӣ, хунам ҳалолат бод,
Каломи охирамро зери теғи ҷонгусил бишнав.
Надонистӣ, ки бар дил доданат сад бор меарзам,
Гуноҳи дил надоданро ба ту кардам биҳил, бишнав.