Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Бар лаб биёмад ҷони шаб, боди саҳар, ёсин бигӯ,

Бар лаб биёмад ҷони шаб, боди саҳар, ёсин бигӯ, Чун шаб бимурд, алҳамд хон, омин бигӯ, омин бигӯ. Гар ман фаромӯши туам, бошад, вале баҳри савоб Телфун бизан бар офтоб, шобоши фарвардин бигӯ, Мехостӣ дар мӯи ман шохи гули парвин ниҳӣ, Чун шуд, ки бар мижгони худ барбастаӣ парвин, бигӯ?! Розе, ки натвонистаӣ аз парда бар рӯям кашид, Ҷуръат бикун бо субҳ гӯ, бо ин бути симин бигӯ. То пас гирифтӣ дасту дил аз нозбардории ман, Гулгун куҷо ояд фуруд, эй Хусрави сангин, бигӯ, Гар талхваш дидӣ маро, пеш ор қанди порсӣ, Бо шир заҳрамро равон, яъне, сухан ширин бигӯ, Чун гард бо домони ту ман ишқварзӣ мекунам, Ин сураи ихлосро бо рӯҳи Шамсиддин бигӯ.