Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Бар кӯҳи Чилмеҳроб рав, он арчаи танҳо биҷӯ,

Бар кӯҳи Чилмеҳроб рав, он арчаи танҳо биҷӯ, Дар Чашмаи Нийят нигар, ҳусни хати дарё биҷӯ. Рав, соядасташро бихон дар барг-барги ҳар дарахт, Устоди Маҷнуни маро аз ҷангали Лайло биҷӯ. Дар пеш ҷӯ, не дар ақиб, дар авҷ ҷӯ, не дар нишеб, Он рафтаи ояндаро аз субҳи пасфардо биҷӯ. Он матлаи сабзи рабеъ, он нузҳати боғи бадеъ Ин ҷост, ӯро ҳар қадам аз вусъати ҳоло биҷӯ. Девонагӣ карду гузашт, фарзонагӣ карду гузашт, Дар шеъри шамсошӯби ӯ тӯфони Мавлоно биҷӯ. Бо рафтанаш садчанд шуд ҷазби ҷаҳонтасхири ӯ, Пеш ой то ворастагӣ, ҷазби ҷаҳонпаймо биҷӯ. Шогирди ӯ будан маро, барҳақ, ғулувви ман-манист, Аз шамъ бар шав сӯи шамс, аз мо гузар, ӯро биҷӯ.