Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Ҳарфи аҳуроӣ бигӯ, ҳарфи аҳуроӣ бигӯ,

Ҳарфи аҳуроӣ бигӯ, ҳарфи аҳуроӣ бигӯ, Аз гул бигӯву субҳнам, аз асли зебоӣ бигӯ. Ин ҷӯйбори аллахон гаҳвораҷунбони шаб аст, Дарди маро парпеч кун, эй ёр, лолоӣ бигӯ. Чашмак занад бар чашми шаб ин боғ, боғи ғӯрабанд, Чашмобачашми ман бишин, аз боғи рӯъёӣ бигӯ. Абре бишав, борон бизан, чӯбак ба табли ҷон бизан, Эй дар сукутат мавҷ-мавҷ, бо лаҳни дарёӣ бигӯ. Эй дар хароботи муғон оташ ба шарёнҳо зада, Хуршедро ҷоме бикун, яшти абистоӣ бигӯ. Шаб мегазад ҷони маро, охир садоям деҳ, садо, Эй ҳарфи ту позаҳри ман, аз субҳи миноӣ бигӯ.