Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Мавҷгардон кард дилро чашми дарёии ту,

Мавҷгардон кард дилро чашми дарёии ту, Бар дили ман то қиёмат бод мавлоии ту. То қиёмат, кош, полояд, аё мавлои субҳ, Ин фазои тираро рӯҳи аҳуроии ту. Қуллаи мардист нози зарраро бардоштан, Мо, ки огоҳем аз хуршедпаймоии ту. Беиҷозат омадӣ, инак, ба танҳоии ман, Беиҷозат омадам, инак, ба танҳоии ту. Ман, ки аз оина худро поктар медидаам, Бори аввал хира мондам аз мусаффоии ту. Дар кадомин кӯчае раҳгум заду бархурд кард Гӯшашиниҳои ман бо оламороии ту. Меравам, эй Юсуфи хуршед, мехонам ба завқ Аз ҳавошии саҳар тафсири зебоии ту.