Ҷони манӣ, ҷисм магӯ, ҷон бигӯ,
Ҷони манӣ, ҷисм магӯ, ҷон бигӯ,
Нойи манӣ, сирри найистон бигӯ.
Ҳаҷр нишот аст, фаротар зи васл,
Шукри ҳамин лаҳзаи ҳиҷрон бигӯ.
Аз ғамат андешаи ман садқабост,
Як сухани содаи урён бигӯ.
Ҳой Зарафшони шафақрехта,
Мавҷ зан, оёти дурахшон бигӯ.
Сабзи мано, сабзтарини мано,
Як сухани сабз зи тилфон бигӯ.
Тарҷума кун шаъшааи субҳро,
Бар шав аз ин шаб, саҳаристон бигӯ.
Кист, ки дар лавҳи дилат соядаст
Монд бад-ин хомаи мижгон, бигӯ.