Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Бигӯ ҳеч, ҷуз ҳеч чизе нагӯ,

Бигӯ ҳеч, ҷуз ҳеч чизе нагӯ, Ки мегирадат ҳар сухан аз гулӯ. Чу ман абра гӯям, кунанд астараш, Намоянд садборааш пушту рӯ. Ба дилҳои тира асое назан, Хатар дорад он кӯрараҳҳо, мапӯ. Дили ман, ту ҳамҳаҷми як шабнамӣ, Ба як чакра чирки ҷаҳонро машӯ. Нашав чун гиёҳи салому алайк, Ибо кун, сари роҳи ҳар кӣ нарӯ. Наҷӯ нақши Исӣ зи кофаркада, Гияҳмеҳрро дар биёбон наҷӯ. Накӯӣ кунӣ баҳри ислоҳи хасм, Адӯӣ кунад ӯ ба ислоҳи ту. Ҷаҳон аз азал инчунин буду ҳаст, Дило, дер шуд, бас кун ин ҳоюҳу. Зи ман дӯст мепурсад: эй лахти ҷон, Куҷо мебарӣ ин дили садруфӯ? Бигӯям, дуо деҳ, ки муршид туӣ, Дили садруфӯ мебарам пеши ӯ.