Эй дил, эй дил, то кайӣ бар худ адӯ,
Эй дил, эй дил, то кайӣ бар худ адӯ,
Аз дуӣ бигзар, як Ӯ бигзин, як Ӯ.
Баски ларзон аст имонат ҳанӯз,
Лағж-лағжон меравӣ, эй ҳарзапӯ.
По фаро неҳ аз ҳади колову пул,
Ҳоларо охир раҳо кун, маҳ биҷӯ.
Шабнамона уммати хуршед шав,
То намози ишқ хонӣ бевузӯ.
Нағз шуд аз вусъати фардо фаро,
Наҳс шуд дар поруи порин фурӯ.
Мурданам ҳам шӯри дилро кам накард,
Ояд аз гӯрам хурӯши ҳоюҳу.
Ёр, атри кибриё овардаӣ,
Бояд аввал орӣ истеъдоди бӯ.
Ҷабраилӣ кун, ки полояндаӣ,
Қалби ман мехоҳад аз ту шустушӯ.
Ҳуҷҷати милоди нав додӣ маро,
Эй шуда сарлавҳаи сад орзу.