Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Субҳи фардо тулӯи номи ту

Субҳи фардо тулӯи номи ту Мениҳад нуқта дар зуломи ту. Дили ман ғоибона меварзад Умрҳо ишқу эҳтироми ту. Ин саломи кабӯтаронаи ман Меравад бар тавофи боми ту. Шабнами бӯса мекунам барчош Аз бару дӯши гулхироми ту. Майи хуршед боз меҷӯшад Дар сабоҳи булӯрфоми ту. Ахтарони рамида меоянд Боз бар шодбоди шоми ту. Мезанад теғ бар дили зулмат Моҳи нав баҳри интиқоми ту. Захмбанди ту рӯҳи Масъуд аст, Мекунад аз нав илтиёми ту. Чист зарби таронаи Зоҳир- Зарабонҳои навмақоми ту. Қитъа бар қитъа гирд мегардад, Фита бар фита ҳар паёми ту. Менависад хуҷастаномаи субҳ Муншии осмон ба номи ту. Мекунам бовар, эй ҳамешатарин, Ба ҳумоюнии давоми ту.