Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Охир аз қайди ғамам бар шуд дили озоди ту,

Охир аз қайди ғамам бар шуд дили озоди ту, Офарин, эй беназири ман, ба истеъдоди ту. Дар дилат гарди муҳаббат буду он ҳам пош хӯрд, Бар тасаллият равам ё бар муборакбоди ту? Ҳиммати кӯҳафкан аз ту хост ин арзанзамир, Асли ноширини ман аз асли нофарҳоди ту. Чанд соли зиндагиямро ба савдо мондаам, То фаромӯшӣ харидам дар баҳои ёди ту. Дил, дило, чун зистӣ, зеро ки аҳли оламанд Бехабар аз марги ту, ноогаҳ аз милоди ту. Эй дил, эй дил, ҳеч кас бар ҳарфи ту бовар накард, Муҳр хоҳад, муҳри хуршедӣ хати иршоди ту. Ҳолиё дарди тиҳӣ будан намедонӣ, ки чист, Эй дил, эй гулдони пурхун, хуш ба ҳоли шоди ту. Шеър, чун мӯи фаришта бар наҷоти ман шитоб, Исии ман, осии ман садқаи имдоди ту!