Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Даст ба кору дил ба ёр, ёр куҷову кор ку,

Даст ба кору дил ба ёр, ёр куҷову кор ку, Бо чӣ шитоб омадам, вой, ки интизор ку? Рӯд, ки хушк шуд, чӣ монд, қатраи охирин куҷо, Қофила рафт, рафт, рафт, аз пайи ӯ ғубор ку? Ташна шудам, ки омадам, ташнаи оби Мӯлиён, Ҳодии роҳ ханда зад, гуфт, ки «ҷӯйбор ку!» Заргари чирае маро туҳфа намуд дастбанд, Гуфтамаш: Андар ин дукон тоҷи гуҳарнигор ку? Мақбараҳои рафтагон муждаи бостон диҳанд, Лек зи мондагон бигӯ, мояи ифтихор ку? Рафт ҳазору як шабат, рафту аз он фасона монд, Қисса бикун барои ман, он яке аз ҳазор ку?!