Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Танҳо ба Туст, бар Туи танҳо хитоби ман,

Танҳо ба Туст, бар Туи танҳо хитоби ман, Эй ёри офтобтар аз офтоби ман. Аз гандагии вақт нанолам, ки бо манӣ, Эй нағзтар зи хотираҳои шабоби ман. Ғайби ту ҳам ҳузури маро гарм мекунад, Эй аз ту нур чида ҳузуру ғиёби ман. Таъхир мекунам ману таъҷил боядам, Иршоди субҳ деҳ ба дили дерхоби ман. Ҳодии дил ту бошу мунодии дил ту бош, То раҳ ба раҳ ба меҳр гарояд итоби ман. Ифшотар аз суоливу пайдотар аз ҷавоб, Эй ишқ, ишқи то ба абад беҷавоби ман.