Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Занг зан, занг зан, садоям кун,

Занг зан, занг зан, садоям кун, Дил ба дил, ҷон ба ҷон салоям кун. Эй қафасбанди растагортарин, Бо паёме қафаскушоям кун. Санг ҳам бошам, оби раҳмат шав, Тарнавозӣ куну нидоям кун. Бо ҳамин мардуми назаркарда Боз ҳамхоку ҳамфазоям кун. Хурдиям матлаъи бузургии ӯст, Шабнами осмоннамоям кун. Қаламамро ту рост кун, эй ишқ, Ошно бо хату ҳиҷоям кун. Гуфтам оғоз кун маро, гуфтӣ, Ту сараввал, биё, адоям кун. Ту, фақат ту, аё бузургтарин, Аз ҳама ман-манӣ раҳоям кун. Ваҳйи сабзе зи чашми сабз фирист, Рӯ ба рӯ бо худи Худоям кун.