Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Эй пири сухан, як мадад аз баҳри Худо кун,

Эй пири сухан, як мадад аз баҳри Худо кун, Дар кунҷи лабам ҳарф гираҳ баст, раҳо кун. Аз ман мараву оҷизу танҳо магузорам, Бо ман ту бимону сухан аз муъҷизаҳо кун. Гарчи зи муридии ту тавфиқ надидам, Тӯмори навам бахшу дигарбора дуо кун. Гар хоб дари дидаи моро зи дарун баст, Раҳ ёб дар ин хилвату ошӯб бапо кун. Эй пири сухан, нозукиямро ту маяндеш, Болои ҷафо боз ҷафо, боз ҷафо кун.