На диниям, на дунёӣ, киям ман,
На диниям, на дунёӣ, киям ман,
На дирӯзӣ, на фардоӣ, киям ман.
Чӣ ҳам пурсам зи ёрони заминӣ,
Бигӯ, эй ёри миноӣ, киям ман.
Туро ҳар фасл фасли юсуфӣ бод,
Бад- ин шӯри Зулайхоӣ киям ман.
Даме чун масти дар ҷӯе фитода
Фурӯ рафтам ба расвоӣ, киям ман.
Дами дигар, ки омад, бо сапеда
Биҷустам ҳамтаҷаллоӣ, киям ман.
Чу шабгардони беёди ҷунунӣ
Накардам моҳпаймоӣ, киям ман.
Вале дар рӯзи равшан гумраҳонем
Ману ин қалби савдоӣ, киям ман.
Китобамро ғубори чанд қарн аст,
Маро бошад, ки бикшоӣ, киям ман.
Маро бигзор ҳамвасли муҳиббон,
Ки дар тобути танҳоӣ киям ман.
Туи яктотаринро дорам, эй дӯст,
Бад-ин сон ганҷу дороӣ киям ман.