Муборакбоди милодат, шаҳи урдибиҳишти ман,
Муборакбоди милодат, шаҳи урдибиҳишти ман,
Зи абри ғайб менозам, ки меборад ба кишти ман.
Зи қавми сустунсур мебурад ин солики танҳо,
Маро то худ гароиш деҳ, ало ҳурмузсиришти ман.
Мае дорам, ки аз нӯшаш сари хуршед мечархад,
Биё, эй толиби лаззоти улвӣ, бар куништи ман.
Чаро дер омадӣ, мегӯям, эй як осмон хуршед,
Ба он чашме, ки меҷӯяд маро аз хоку хишти ман.
Ту номамро қатори дигарон дар понавишт орӣ,
Вале номи туям сарлавҳа шуд дар сарнавишти ман.
Чӣ меъроҷе намудӣ аз фарози осмон бар хок,
Ҳубуте кун, ки оӣ бозпас сӯи биҳишти ман.
Пас аз сад сол, сад соли танаффус шеър мегӯям,
Бале, аз ғор берун омад охир Зардуҳишти ман.