Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Чамон шав чун сафедорони гулшан,

Чамон шав чун сафедорони гулшан, Ба каф хуршедро гиру дуҳул зан. Чӣ сар кӯбӣ ба девори битонӣ? Биё, дар барги гул бигзин нишеман. Хати сабзи лабони ҷӯйро хон, Ки чашмони саводат бод рӯшан. Чунинам гуфт боди субҳгоҳӣ, Саҳар чун хира шуд бар чашми равзан. Куҷо бояд равам аз ин тиҳигоҳ, Куҷо, эй нозанини покдоман? Аҷузи осмонро ҳам нафорад Ҳаёҳуи сияҳмастони барзан. Шабон дар кӯчаҳои ғофили шаҳр Зи сарҳо мағз медуздад Ҳареман. Бутонро пунбаҳо дар гӯш бинӣ, Ба ҷои шохаи садбаргу савсан. Марову ҷумларо гумроҳ карданд Бад-он фанҳо, ки н-омӯзад ба ҷуз фан. Касе аз дил намеандешад ин ҷо, Шуданд андешаҳо ҳам чокари тан. На кам аз Тур бошад Мевағул, лек Куҷо нуре дар ин водии Айман?! Худоё, шаш ҷиҳат ғарқи ғубор аст, Бигӯ, бо чӣ вузӯ гирад дили ман?!