Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Туҳфа кун танҳоии худро ба танҳоии ман,

Туҳфа кун танҳоии худро ба танҳоии ман, Эй шукуфта дар ғуруби бетаманноии ман. Кош, мепайваст дар поёни шаҳри Интизор Ҷони дарёии ту бо ҷони дарёии ман. Ҳар кӣ пеш омад, зи неши хори ман хуншор шуд, Нозбардоре чу ту мехост раъноии ман. Эй дарахти маърифат, себи дилат дар шоха монд В-андар он себи биҳиштӣ монд доноии ман. Ин аҷаб дорам, ки бо ҳам ҳеч гаҳ ошиқ нашуд Ҷони маҷнунии ман бар ҷисми лайлоии ман. Бори охир ишқ мехоҳам, бигӯям, ишқ, ишқ! То завол аз раҳ расад бар умрфарсоии ман.