Барвақт шодӣ мекунӣ бо фатҳи бас осони ман,
Барвақт шодӣ мекунӣ бо фатҳи бас осони ман,
Эй ёри киштибони ман, инак, туву тӯфони ман.
Ин аз ҷунун бебаҳраҳо, ин беғаму безаҳраҳо
Дар кунҷи ороме хазанд ошуфта аз исёни ман.
Бар марди майдон таъна зад дар гӯшае пинҳон шуда
Оне, ки кашфи ғайрро мегуфт умре они ман.
Бар аҷзи мо хандидагон худ низ оҷизтар буданд,
Зеро наёмад гардашон то гӯшаи домони ман.
Аммо туӣ мисли уқоб, ҳамболи мурғи офтоб,
Мавҷе занад шаҳболи ту дар авҷи кӯҳистони ман.
Аз дӯзахиён барҳазар шодам, ки ширин мевазад
Ҳар дам насими ёди ту дар равзаи ризвони ман.