Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Боре ба ман саодати дидор ҳадя кун,

Боре ба ман саодати дидор ҳадя кун, Самти дигар ба гунбади даввор ҳадя кун. Бедории хуҷаста ба хобидагон фирист, Хобе куҳан ба мардуми бедор ҳадя кун. «Ҳа-ҳа»-и мо бинои ҷаҳонро хароб кард, Бахшанда бошу ҷуръати инкор ҳадя кун. Ғайри Ту чист муштаракоти ҳазор дин, Васли навин ба субҳаву зуннор ҳадя кун. Пастобаланди ҷодаи бигзаштаро напурс, Оянда, бар башар раҳи ҳамвор ҳадя кун. Мусиқии нафиси нафасҳои субҳро Бар ҷони ғофил аз ҳама адвор ҳадя кун. Эй себи юсуфӣ, зи биҳиштӣ ва ё замин, Худро бароям аз сари девор ҳадя кун. Бар ман, ки сахт куҳнапарастам, туи навин Ҳар шавқро, ки монда зи перор, ҳадя кун. Як зарбаву ду зарба, тапишҳои нав ба нав Бар ин дили мураххаси бекор ҳадя кун. Бар ғунчаи дили ман, аё муҳри ҳурмузӣ, Худро чунин ниҳону намудор ҳадя кун.