Ман омадам, ки гӯям: Ишқ аст миллати ман,
Ман омадам, ки гӯям: Ишқ аст миллати ман,
Ишқ аст миллати ман, аслу ҷибиллати ман.
Чун номи ман ба номат дар осмон рақам шуд,
Бо туст сабз дар сабз милоду реҳлати ман.
Эй зишт бо ту зебо, эй дина бо ту фардо,
Танҳо ту метавонӣ ислоҳи иллати ман.
Дар ин дайи равонӣ, бе ваҳйи хаткашоне
Чун аст ҳолати ту, чун аст ҳолати ман.
Чун ишқи Эзад омад, сад ишқи зид фурӯ рафт,
Иззат шуду шараф шуд хориву зиллати ман.
Танҳо ту мебароӣ аз уҳда кардани мо,
Бар худ намой охир, бар худ ҳаволати ман.
Эй ишқ, куҳнагиям чун бо навият омехт,
То растахез кардӣ тамдиди муҳлати ман.