Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Субҳро хирмани таҷалло кун,

Субҳро хирмани таҷалло кун, Пилки пӯшидаи шафақ во кун. Чашмро истифода бар ҳоло, Субҳи ояндаро тамошо кун. «Ту» кун охир «Ман»-и муҳаққарро, Аз ҳазорон ману туҳо «Мо» кун. Тавба кун, тавба кун, дили осӣ, Тавба аз бемуҳаббатиҳо кун. Ишқ, дар сурхҳуҷҷати куҳанам Оқибат муҳр мону имзо кун. Чӣ кунӣ дар билоди мурдадилон, Раву шогирдии Масеҳо кун. Нашав уммедро ҷанозакашон, Нав ба нав, нав ба нав таманно кун. Ҳамсулуливу ҳамсулуки баҳор, Гул ба гул зан, тулӯъи зебо кун. Хешро, эй намунаи дарё, Оинахонаи Таъоло кун.