Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Дар ин баҳортарин лаҳзаҳо ҷавонӣ кун,

Дар ин баҳортарин лаҳзаҳо ҷавонӣ кун, Бурун зи ҳошияи ишқ гулнишонӣ кун. Дили саломати ту аз тапиш мураххас нест, Сипоси ҷоизаи ёри осмонӣ кун. Аз ин ҳаёти дароз, эй ду аср ғамхӯрда, Ту ними сонияро сарфи шодмонӣ кун. Бизӣ, муниртарин ифтитоҳҳоеро Ба эҳтироми ҳамон як сири ниҳонӣ кун. Ҳазор нома ба номи ту бозмегардад, Ҳазор нома ба унвони як нишонӣ кун. Бимон, ки бар башарийят шариат омӯзӣ, Ҳар ибтикор, ки, ай ишқ, метавонӣ, кун. Дило, ба ҳурмати ин лаҳзаҳои нағзи нағз Ту ҳам ҷавона бибанду ту ҳам ҷавонӣ кун.