Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Бо боғи танбараҳна қаборо шинос кун,

Бо боғи танбараҳна қаборо шинос кун, Бо шохсори хуфта наворо шинос кун. Имзо бинеҳ ба номаи сулҳи мухолифин, Бо офтоб панҷараҳоро шинос кун. Як ғунча бар мақоми шукуфтан намерасад, Лутфе намо ба ғунча, саборо шинос кун. Дармондаам дар ин шаби фарҷомнопазир, Бо ман дубора субҳи сафоро шинос кун. Бо худ, аё наомада, моро шинос кун.