Баҳор шаъшаа зад, ёри сабзқомати ман,
Баҳор шаъшаа зад, ёри сабзқомати ман,
Бинӯш як қадаҳи лола бар саломати ман.
Ба зиндагонии ман дер омадӣ, фармо,
Ту эй қиёматии ман, ту эй қиёмати ман.
Чӣ омадан, ки накӯ бингарӣ, наомадан аст,
Маро бубахш, ки шукр аст ин надомати ман.
Чу бар ҳарими дилат рухсати вурудам нест,
Бигӯ, куҷост дигар ҷои истиқомати ман?
Кӣ кард саҷдасаро шаҳри сабзи чашми туро,
Надид дидаи мағрури ту каромати ман.
Ба пеши ишқ, ки хуршеди дастнорас буд,
Ҳақир монду фурӯ қуллаи шаҳомати ман.
Маҳ амр кард ба анҷум, ки саф кашед зи пас,
Намози шом бихонед бо имомати ман.
Зи сақфи атласӣ оинадори ман омад,
Зи бар накард чу ӯ ҳеч кас тамомати ман.