Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Эй дил, бас аст, марсияхонӣ тамом кун,

Эй дил, бас аст, марсияхонӣ тамом кун, Эй вассаломгуфта, дубора салом кун. Вақт аст хоҷаи туву ту чун ғуломи ӯ, Бар ӯ бишӯру хоҷаи худро ғулом кун. Дарёб сабки хоси тапиш, хешро кунун Наворзуву навнигару навпаём кун. Чун байрақи сафед маяфкан сари мутеъ, Дилро мисоли парчами сурхе ба бом кун. Як лаҳзаест байни тулӯъу ғуруби ту, Хуршеди нимарӯз, ки ҳастӣ, қиём кун. Бо ман агарчи ними нигоҳе накардаӣ, Эй ишқ, бошу боз ба будан давом кун.