Намегӯям туро, пайғамбарӣ кун,
Намегӯям туро, пайғамбарӣ кун,
Биё, як бор ҳам одамгарӣ кун.
Дусад бор омадӣ, нодида рафтӣ,
Дигар кофист, тарки кофарӣ кун.
Макун аз ошно бегонасозӣ,
Ба куштан куштиям, ёдоварӣ кун.
Чу афтодӣ дар ин мурдоби беишқ,
Тавофи ҳурии нилуфарӣ кун.
Шарорам ҳасту ангезандаам нест,
Нигоҳе бар мани хокистарӣ кун.
Зи ман яктопарастиро биомӯз,
Шикан бутрову тарки Озарӣ кун.
Таҳорат деҳ маро дар чашмаи сабз,
Нигоҳи куҳнаамро оҳарӣ кун.
Марав, эй куҳнатар аз офариниш,
Ҳамеша бошу фардоофарӣ кун.