Шабхун бизан ба равзан бо мавҷи субҳхирман,
Шабхун бизан ба равзан бо мавҷи субҳхирман,
Эй ишқ, бори охир бинмой хона рӯшан.
Ҳаммазҳаби гули себ, ҳаммашраби гули себ
Будиву бош, эй дил, дар замҳарири баҳман.
Омӯхтам якояк фарҳангномаи гул,
Бетарҷума бихонам матни ниҳони савсан.
Натвон тамом бигсаст аз ин ҷаҳони модӣ,
Мо низ дар гиребон дорем ними сӯзан.
Бо ҷавшане зи имон бар разми куфр рафтам,
Камтар зи мӯрам, аммо дорам дили таҳамтан.
Эй дӯст, хориҷам кун аз ҳабси бадгумонӣ,
Мурдам зи шубҳаи ту, н - аз теғи хашми душман.
То чанд фаръ гуфтан, вақте ки асл як ӯст,
То кай туву туву ту, то кай ману ману ман?
Номи варо бигирам, наҳс аст, наҳс баста,
Номи варо бигирам, боз аст, боз барзан.