Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Биёзмудӣ ба шӯру ширин,

Биёзмудӣ ба шӯру ширин, Ба зарби таҳсин, ба захми нафрин. Зи вақтчархиш, зи умргардиш Чӣ саркашона шудем таҳшин. Ҳазор нақсам бувад ба зоҳир, Ҳазори дигар ба хулқи пуркин. Зи шиква-шиква ба шукр рафтам, Зи нола-нола ба сабру тамкин. Қасам, ки ҳаргиз зи нағзбинӣ Нашуд мураххас нигоҳи хушбин. Мухотаби дил, мухотаби ҷон, Туӣ, туӣ, ту, аё нахустин. Зи тоқи мино, зи боғи боло Фирист бар ман анори Ёсин. Ба шукри будан, шакар кушудан Ба ҳар дуоям бигӯй омин.