Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Ваълайкум ассалом, эй субҳи ростин,

Ваълайкум ассалом, эй субҳи ростин, Хам шав, ки бӯсамат, ёри шафақҷабин. Аз тоқи синае як дил рабудаам, Дуздона мебарам дар зери остин. Оваҳ, чиҳо накард, нашри сафо накард Таъсири офтоб дар боғи фарвадин. Эй ёр, ёри хос, дар ин хазони яъс Дар ман шукуфа банд, дар ман гул офарин. Имшаб, ки меравам бар хоби шабнамӣ, Як рӯиҷо биёр аз барги ёсамин. Қаҳри маро пазир бар ҷои лутфу ноз, Заҳри маро бигир бар ҷои ангубин. Он ёр даррасид бо ҳадяи бузург Он ҳадяаш чӣ буд: Фардои нозанин!