Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Оинаам, ҳақиқати урёни ман бубин,

Оинаам, ҳақиқати урёни ман бубин, Пайдои ман зи ҷавҳари пинҳони ман бубин. Меъроҷи ман зи нимаи раҳ хатм шуд, дареғ, Ин ними сӯзане ба гиребони ман бубин. Рагҳои ман ишора ба самти муҳаббатанд, Зояндарӯду Вахшу Зарафшони ман бубин. Эй бостоншинос, агар нақб меканӣ, Маҷнуни мурдаро зи биёбони ман бубин. Як шаб биёву ларзиши ширини нурро Дар пардаи ҳарири шабистони ман бубин. Ин чашми мастрову нигаҳҳои дуздро Барбаста дар асорати мижгони ман бубин. Дар як дили ман аст ниҳон ҳафт шаҳри ишқ, Ҷони ман, ин ҳиҷоб мабин, ҷони ман бубин.