Ин ҳафт саҳфаро ба ҳам овар, китоб кун,
Ин ҳафт саҳфаро ба ҳам овар, китоб кун,
Бо ман биё, мутолиаи офтоб кун.
Субҳе насимгуна табиби чаман бишав,
Дар набзи гул муоинаи изтироб кун.
Гуфтӣ, ки гавҳарона биё бар канори ман,
Аввал ту ҳам баробари дарё дил об кун.
То кай дудил миёни ману духтари разӣ,
Ё ман ва ё вай - аз дуё яке интихоб кун.
Гуфтӣ: Дуӣ магӯ, ки туӣ духтари разам,
Ҳамчун парӣ зи шиша баро, инқилоб кун!
Байни ману ту ман чу ҳиҷобе нишастаам,
Фурсат деҳу назораи ман аз ҳиҷоб кун.
Рафтан шумор омадани кӯтаҳи маро,
Ҷоно, ба дӯст доштани ман шитоб кун.
Эй ёр, эй фурӯғи таҷаллои лоязол,
Имшаб биё, ба хонаи оина хоб кун.