Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Даҷла бигзор фаромӯш кунад, некӣ кун,

Даҷла бигзор фаромӯш кунад, некӣ кун, Нор ҳам ғасби Сиёвуш кунад, некӣ кун. Гар ба некии ту душман бидиҳад номи бадӣ, Халқ ҳам наҳси варо гӯш кунад, некӣ кун. Некияшро чу дирам мешумарад миннатнеҳ. Гар касе некии мағшуш кунад, некӣ кун. То замоне, ки ба сӯят нигаҳи меҳрашро Он хатобахшу гунаҳпӯш кунад, некӣ кун. Зиндагӣ чанд диҳад фурсати некӣ кардан, То нафас бо нафас оғӯш кунад, некӣ кун. Дар ҳар аҷзои ту ангезаи сад Ҳурмуз ҳаст, То аҷал ояду хомӯш кунад, некӣ кун.