Аз ҳаҷри ёрон нола кун, эй нойи ман, эй нойи ман,
Аз ҳаҷри ёрон нола кун, эй нойи ман, эй нойи ман,
Ҷамъе бирафту шамъ монд ё сӯзиши танҳои ман.
Худро бибурдиву гирист аз бетуӣ имрӯзи ман,
Худро биёру ҳадя кун, эй ёр, бар фардои ман.
Дар шохае гул баст моҳ, бо шабравон пайваст моҳ,
Гул пош дар шабҳои ман, эй оташи Мӯсои ман.
Нақбе бизан дар рӯҳи ман, Симурғ шав дар кӯҳи ман,
Як пар бизан, ду пар бизан то қуллаи маънои ман.
Ҳарчанд садрангӣ кунад пироҳани раънои ман,
Аз бозгӯи муҳтаво оҷиз бувад симои ман.
Чун синаро кардам Ҳиҷоз, гардид чашми баста боз,
Дар ҳафт шаҳри ишқи ту пар зад ҳавопаймои ман.
Кай ту бигӯӣ марҳабо, бонуи ман, бонуи ман,
Кай ман бигӯям ассалом, мавлои ман, мавлои ман.