Урдибиҳишт атса зад аз меҳрмоҳи ман,
Урдибиҳишт атса зад аз меҳрмоҳи ман,
Бар зиндагӣ тамом иваз шуд нигоҳи ман.
Он лаҳзае, ки бори нахустин шинос шуд
Бо чашмҳои сабзи ту чашми сиёҳи ман.
Оҳам ба пойбӯси ту парвоз мекунад,
Чун осмон ту даст маяфшон ба оҳи ман.
Бисёр одиям, ки басе ғайриодиям,
Ҳола фикан ба дидани хуршеду моҳи ман.
Олам зи меҳрубонии ту баҳра мебарад,
Танҳо манам ба ҳошия, олампаноҳи ман.
Шодӣ кунад рақиб, ки ин кӯча хатм шуд,
Ғофил, ки боз мешавад оғоз роҳи ман.