Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Эй ҷаҳон, эй як чаман пиндори ман,

Эй ҷаҳон, эй як чаман пиндори ман, Ҳоли ман, ояндаи ман, пори ман. Не ман огоҳам зи як асрори ту, Не ту огоҳӣ зи як асрори ман. Пардаҳои ғафлатамро кай дарад Зарбаҳои соати девори ман? Монд дил дар дурҷи сина, кас накард Орзуи гавҳари шаҳвори ман. Чун ҳузурат низ аслан ғайбат аст, Омадӣ ё н-омадӣ, эй ёри ман. Дер мондӣ аз ҷунунҷӯши шабоб, Омадӣ дар фасли истиғфори ман. Ишқ, эй нури азал, аз ман нарав, Бармакан аз банди дил тӯмори ман. То кай, охир, медавонӣ гирди худ, Эй сувайдо-нуқтаи паргори ман? Чиллашин шав дар ҳамин чилсолагӣ, Эй нави ман в-эй куҳантакрори ман.