Рафтам, дигар ин кӯча нашнид садои ман,
Рафтам, дигар ин кӯча нашнид садои ман,
Мижгон заду охир шуд фасли равуои ман.
Дар ҷумлаи умри ман як нуқта фитод аз ғайб,
Ин гуна ҷавоб омад бар чуну чарои ман.
Эй навраси оянда, эй вориси фархунда,
Бӯи суманак бишнав аз хотираҳои ман.
Дарёб, ки қалби ман қомуси муҳаббат буд,
Ин қалби чу оина оянданамои ман.
Қарни нави роботӣ бо хотири исқотӣ
Бигзинаду нагзинад ин ҳарфу ҳиҷои ман.
Бар мардуми мустағнӣ ҳоҷати дилам ин буд,
Эй кош, касе дуздад аз ҳуққа тилои ман.
Чашме зи дуруштистон ташхис накард охир
Ин як гули нозукро дар зери қабои ман.
Бошед ба ёди ман меҳроби чаманафрӯз,
Бобунаву ёси ман, садбаргу ҳинои ман.
Эй н-омада, эй фардо, эй хуфта паси рӯъё,
Дар боми ту ҳам рахшад ин сурхливои ман.