Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Хуршед панҷа зад, ки баро, инзиво накун,

Хуршед панҷа зад, ки баро, инзиво накун, Ин рӯзҳои ёсуманиро раҳо накун. Бе ишқ зиндагӣ накун, эй ишқнопазир, Бе ишқ зикри номи азизи Худо накун. Дар кӯчае, ки шеър бувад номи хуррамаш, Ҳоло намонда ними қадам, иктифо накун. Ҳоло дилӣ бикун, ки сипас мекунӣ гилӣ, Ёқутро тулӯъ бидеҳ, нонамо накун. Посух диҳам бар ӯ, ки аё офтобҷон, Дастур додиям, ки чиҳо кун, чиҳо накун. Гӯям ба худ, ки валвала суде намекунад, Кофист, бо қазову қадар моҷаро накун. Сад тозиёна хӯрдаам аз хашми осмон, Ҳоло, ки боадаб шудаам ман, ҷазо накун. Бо ишқ гӯ, ки рост ба роҳат равона шав, Вопас наё, дубора диламро садо накун. Гар омиӣ, қатори ҳама қолабӣ бишав, Гар осиӣ, ба гуфтаи ман эътино накун. То зиндаӣ, хато бикун, эй осии малак, Барҳақ хатост он ки бигӯям, хато накун.