Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Омӯз, асри бисту як, фарҳанги бо ҳам зистан,

Омӯз, асри бисту як, фарҳанги бо ҳам зистан, То ҳол натвонистааст одам чу одам зистан. Инак Сиёвушони нав берун зи оташ н-омаданд, Дар ин ҷаҳони рӯсабӣ натвон чу Марям зистан. Бигзаштам аз умри абад, узрам неҳ, эй ёри самад, Боре ҷавонмардӣ бикун, бигзор як дам зистан. Аз дурдасти кибриё он ёр фармояд маро Бо луъбатони бешарар дар ин ҷаҳаннам зистан. Хуршедро табрик кун бо ҷашни милёнсолагӣ, Бахт аст, эй яктотарин, бо ту ба олам зистан. Дар ибтидо будам зулол, охир чаро гаштам залил, Мехостам, мехостам зебо чу шабнам зистан. Шояд бақои як нафас беҳ бошад аз умри абас, Ҳаргиз надорад моҳият бисёр ё кам зистан. Фардо насиби мову ту андӯҳи танҳо мурдан аст, Ҳоло биёб, эй ҳамзамон, шодии тавъам зистан.