Боғи фарвардин, маро оғӯш кун, оғӯш кун,
Боғи фарвардин, маро оғӯш кун, оғӯш кун,
Атса зан, набзи латифи ёсуманро гӯш кун.
Субҳ, субҳи издивоҷи рӯҳи инсону набот
Ишқро хушбахт кун, хушбахти атласпӯш кун.
Навниҳоли себро бин, нозбардори кӣ шуд,
Мард бош, эй сабзхат, хуршедро дар дӯш кун.
Охир аз меҳроби сина шишаи дил нола кард,
Бодаи пинҳон, ки дар меҳроб дорам, нӯш кун.
Ҷомаи Мансурро дар рӯди рӯҳонӣ фикан,
Даҷлаи ошуфтаро дилмурдаву беҷӯш кун.
Ишқро магзор бар мамнӯъгоҳи ҷони ман,
Растахези ҷони кофаркешро хомӯш кун.
Охирин бор, охирин, на, аввалин бор, аввалин,
Боғи фарвардин, маро оғӯш кун, оғӯш кун.