Бо ту оиназор шуд дили ман,
Бо ту оиназор шуд дили ман,
Сад тараннум баҳор шуд дили ман.
Омаданҳои бешабеҳи туро
Чӣ қадар интизор шуд дили ман.
Шабнам омад ба каъбаи хуршед,
Бо дили кӣ дучор шуд дили ман.
Баъди садҳо ҳазор полоиш
Раҳ ба раҳ чашмасор шуд дили ман.
Бетаназзул баландмартаба гашт,
Ҳар қадар хоксор шуд дили ман.
Бетараққӣ шуду фурӯ афтод
Ҳар қадар бовиқор шуд дили ман.
Рафтаму чун ҷаридаи улвӣ
Нав ба нав интишор шуд дили ман.
Ишқ омад чу гавҳари якто,
Дурҷи Парвардгор шуд дили ман.