Пайки малакутӣ деҳ, фархундасафири ман,
Пайки малакутӣ деҳ, фархундасафири ман,
Байни ману ман бодо ёди ту сафири ман.
Эй фолкушои гул, бо айнаки шабнам хон
Дар сафҳаи пешонӣ иншои дабири ман.
Бар ишқи бузурги ту, ҳаққо, ки сазовор аст
Ин синаи чун қулла хуршедпазири ман.
Дар ин шаби ялдо ҳам дарёфт ғулувви васл
Ёди шафақангезат бо ёди мунири ман.
Ёди ту зи ёди ман хоҳад хати озодӣ,
Аммо натавонад раст бечора асири ман.
Як тӯдаи гумраҳро бар ҷустани имон бурд,
Ин гуна расолат дошт ҳастии ҳақири ман.
Ҳарчанд, ки бадномам бо ҷурми риёкорӣ,
Ҷуз меҳр намегунҷад дар ҷони ҳарири ман.
Мехост рақиби ман пайғоми заволи зуд,
Баргӯ, нигарад, инак, бишкуфтани дери ман.