Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Маро, эй шеър, тармими дигар кун,

Маро, эй шеър, тармими дигар кун, Ба чашмони Худо бар ман назар кун. Дилам аз хона рафту пас наомад, Бирав, бар хонааш ӯро хабар кун. Ҷаҳон сиркост бо ин туршхӯӣ, Ҳар он чи турш мегӯям, шакар кун. Салом, эй зиндагӣ, эй ёри беаҳд, Маро дилбастатар, дилбастатар кун. Агар хоҳӣ ба шаҳри ишқ рафтан, Ба чашми ман, ба чашми ман сафар кун. Маҷӯ ҷурмам, ки ҷурмам рашки ҳусн аст, Ту ин оёти раббонӣ зи бар кун. Ба қалби ман, ки чун мамнӯъгоҳ аст, Иҷозатномаат додам, гузар кун. Биё, эй шеър, эй овози Фардо! Ба марги ман, ба марги ман зафар кун!