Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Эй қулланаварди ману гардунсипари ман,

Эй қулланаварди ману гардунсипари ман, Хуршедсулули ману бологузари ман. Аз ишқи ту чун аз шарари ғайб дурахшид Дар пушти саропардаи нозук гуҳари ман. Дил шому саҳар тарҷумаи меҳри ту дорад, Эй ҳаҷри ту фирдавсу висолат сақари ман. Гӯянд, ки андӯхтаат чист, бигӯям, Густарда ба шаш сӯст ҳама лоқу пари ман. Донӣ, ки чаро зуд дукон бастаму рафтам? Дидам, ки харидор надорад шакари ман. Аммо дигар ин нукта аён аст, ки ҳаргиз Осон ба хамӯшӣ нагарояд шарари ман. Табрик, ки халқе ҳама гуфту ту нагуфтӣ Табрики тулӯи нави шамсу қамари ман. Дар чашми қадимат нигаҳи нав ба нав овар, То боз шавад ҷилваи дигар-дигари ман. Бар он ки ҳайӣ ё ки найӣ, нест далелам, Эй ҷумла ҷаҳони ману эй як нафари ман.