Кай маро барандозад санги лаънати душман,
Кай маро барандозад санги лаънати душман,
Дӯст мекушад моро бо кулӯхе аз доман.
Озмудаам кам - кам зиндагиву макрашро,
Беҳаросам аз нафрин, меҳаросам аз аҳсан.
Бо ҳақоратам олуд нолаи заифона,
Мард бошу зӣ, эй дил, бедареғу бешеван.
Қавми ғафлатистонро пурс, чист таъми субҳ,
Ояд аз шабистонҳо қоҳ - қоҳи Аҳреман.
Субҳ марямистон аст, боғ шабнамистон аст,
Охир, эй шаболуда, субҳ шуд, кушо равзан.
Шаҳри соярӯшанҳо, дар туву бурун аз ту
Аз ҳама манам торик, аз ҳама манам рӯшан.
Ишқ, ишқ, бар ман гӯ ҳадди мумкину мамнӯъ,
Аз биҳишт нозил шуд себи зери пироҳан.
Он қадар дағал бархӯрд нози ман ба кибри ту,
Ёр, ёри сангиндил, ёр, ёри рӯинтан.
Нақшбанди обу гил, кош, аз азал месохт
Ё само, маро чун ту, ё замин, туро чун ман.
Боз боядам рафтан бар саломи фардоҳо,
Як чароғ механдад дар ниҳояти барзан.