Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Қанд зан, себи шакархандаи ман,

Қанд зан, себи шакархандаи ман, Себи аз хулди барин кандаи ман. Нест сақфе, ки туро овезам, Эй ту, қандили дурахшандаи ман. Бо ту меҷангаму мебандам сулҳ, Аз ҳама нағзи ману гандаи ман. Ромише дориву оромиш не, Оҳ, оҳ, эй дилаки зиндаи ман. Ваҳйи сабзӣ зи баҳори дуре, Атри улвии парокандаи ман. Ишқ, бахшо, ки тапиш дорад боз Бе ту ҳам ин дили шармандаи ман. Мекунад рақси муноҷот ҳанӯз Дили бар ишқ наарзандаи ман. Баъди бигзаштани ман боз ҳам ӯст Нав ба нав, нав ба нав ояндаи ман.