Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Садои ишқ! Давоми раҳам чароғон кун,

Садои ишқ! Давоми раҳам чароғон кун, Маро фаришта кун, оре, маро ҳам инсон кун. Биё ба чашми ғизолам, набераи Маҷнун, Маро ба бар кашу хушбахт чун биёбон кун. Куҷо равам, ки раҳо ёбам аз ҷаҳолати хасм, Маро бигиру ба сандуқи сина пинҳон кун. Чӣ шабнамона ба рӯи кафи ту меларзам, Чу ман ҳақиқати шаффофи хеш урён кун. Шумораи тилифони маро зи борон пурс, Зи пушти панҷараи сабзи ёд тилфон кун. Агар ба дидани ман оӣ, эй масеҳнафас, Ҳазор сӯзани хуршед дар гиребон кун. Ту беҳ зи ман бишиносӣ тариқати рафтан, Салоҳи туст, ҳар он чи ту хостӣ, он кун.