Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Шишаро ҷавҳар кашу оина кун,

Шишаро ҷавҳар кашу оина кун, Вирдро шамъи шаби одина кун. Гавҳарона андаро дар дурҷи дил, Ҳуққаи холии мо ганҷина кун. Сабзханде зан чу субҳи фарвадин, Рӯҳу раҳро навхату сабзина кун. Гаҳ қадаҳ гиру қабо кун ҷомаро, Гаҳ ба тан пироҳани мӯина кун. Баъди сад соли фаромӯшӣ биё, Пурсупоси дилбари дерина кун. Муҳраи ашки маро тӯмор бар, Чашмзахме аз ҳасуду кина кун. Эй ки мехоҳӣ равӣ бар шаҳри ишқ, Зери по ҳафт осмонро зина кун.