Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Эй сабзаи фарвардин, шабнам ба гиребон зан,

Эй сабзаи фарвардин, шабнам ба гиребон зан, Боло шаву боло шав, хуршед ба домон зан. То бод наҷунбонад, барге нафитад аз шох, То шер бурун ояд, оташ ба найистон зан. Тасвиргаро, кофист, айвон чӣ биёроӣ, Гар нақши наве дорӣ, дар гунбади гардон зан. Тайёрасавороне бар Каъба сафар карданд, Эй ошиқи ҳаққонӣ, поро ба биёбон зан. Акси фалаки маҳзун дар оинаи дарёст, Ту нақши азизатро дар оинаи ҷон зан. Шаш сӯ ҳама борон аст, эй шамси навозишгар, Мизроби тилоиро дар пардаи борон зан. Эй ошиқи хуршедӣ, олам нигарони туст, Майдон ҳама они туст, ҷавлон зану ҷавлон зан. Тӯфон манам, эй маҳбуб, тӯфони таманноям, Вопас нараву пеш о, киштит ба тӯфон зан.