Раҳм кун, бод, ба пироҳани гул даст назан,
Раҳм кун, бод, ба пироҳани гул даст назан,
Каҷмакаҷ роҳ нарав, наъра зи бунбаст назан.
Шӯхии саҳл накун, бехабарак мебарадат,
Ту ба дарёи барангехтае шаст назан.
Гуфтиям, будани ту нестии бемаъност,
Туҳмати хушк ба мазмуни тари ҳаст назан.
Осмонро ба таҳи кафш фишурдан хоҳӣ,
Ҳиммати кафши ту болост, чунин паст назан.
Ҷоми дил шуд пури хун, ҷом ба ҷомам назадӣ,
Сар бизан бо сари худ, бо мани сармаст назан.
Як такон мешиканад қалби булӯрини маро,
Раҳм кун, даст назан, даст назан, даст назан.